Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст!

Эй Ватан номи ту дунёи ман аст!

Санаи 19-уми феврал дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки собиқадори башардӯст Саидаҳмат Давлатов ва устодону донишҷӯён маҳфили фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид. 
Маҳфилро декани факултет Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд. Номбурда қайд кард, ки: «Артиши миллӣ зодаи истиқлолият буда, баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи Марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, Қувваҳои Мусаллаҳи хешро бунёд намуданд». 
Сипас, собиқадори башардӯст Саидаҳмат Давлатов баромад намуда, изҳор дошт, ки: «Ҳар кишвар дорои артиши худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ дар кишвар кам буданд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ шурӯъ намуд. 
Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эълон гардид». 
Баъдан Рухшона Закирова, донишҷӯи курси якум оид ба Рӯзи Артиши миллӣ маърӯза намуд. Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фароғатӣ-фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. 


Бибиноз Муродалиева