Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили иди ҳомиёни Ватан

Таҷлили иди ҳомиёни Ватан

Ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 феврали соли равон дар донишгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ доир гардид. 
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ин ифодагари истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, матонату мардонагӣ ва ватандӯстиву ватандории фарзандони бонангу номуси кишвар ба ҳисоб меравад. Артиши миллии мо дар тӯли солҳои мавҷудияташ аз озмоишҳои шадид гузашт ва имрӯз ба як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфта, баҳри ҳифзи боэътимоди марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушд меёбад. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


artsh4001.jpgҲамчунин, номбурда изҳор дошт, ки Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддию техникӣ ва хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст, - гуфт ректор. Дар қисми тантанавии чорабинӣ чанд нафар ҷанговарони башардӯст, собиқадорони мақомоти қудратии кишвар ва устодони фаъоли донишгоҳ, аз ҷумла Кабиров Ш., Насриддинов Ф., Нозимов Ҳ., Қурбонов Ҳ., Давлатов М., Шодмонов М., Шомиддинов О. ва Зуҳуров М. ба маблағи 500 сомонӣ қардрдонӣ гардиданд. Дар баробари ин, Маҷидов Н., Давлатзода Д., Мубораки Н. ва Махсутшоева З. аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии собиқадорони ҷанг дар қаламрави Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ба Ҷамшед Калаков ва Диловаршо Муродов аз ҷониби ин ташкилот медали «20-солагии Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии собиқадорони ҷанг дар қаламрави Пойгоҳи ҳарбии 201-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тақдим гардид. 
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии донишгоҳ бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба аҳли нишаст суруду шеърҳои дилнишин, саҳначаҳо фарогири мавзӯи ватандӯстиро бо маҳорати баланд пешниҳод ва рӯҳи ҳозиринро болида сохтанд. 
Чорабинӣ дар фазои хушу ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт. Бояд гуфт, ки баргузории ин қабил маҳфилҳо садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзунтар мегардонанд. 


Машҳура Абдуллоева