Хабарҳо
Нақши раванди глобализатсионӣ дар таҳкими рушди устувори иқтисодӣ
20-уми феврал бо ташаббуси кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ дар факултети МИБ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши раванди глобализатсионӣ дар таҳкими рушди устувори иқтисодӣ» доир гардид.
Маърӯзачии семинари мазкур муаллими кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Қамар Шодиев мавзӯъро матраҳ намуда, қайд кард, ки раванди глобализатсионӣ дар шароити кунунии рушди иқтисоди ҷаҳон мавқеи калидӣ ва дар таъмини рушди устувори иқтисодии иқтисодиёти миллӣ нақши муайян дорад.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки аввалин бор мафҳуми «глобализатсия» дар илми иқтисодиёт соли 1944 аз ҷониби ду олими амрикоӣ мавриди истифода қарор дода шуда, он маънои ҷараёни аз ҳамдигар вобаста гардидани иқтисодиёти миллии мамлакатҳои ҷаҳонро инъикос менамуд.
Қ. Шодиев ёдовар шуд, ки дар шароити кунунии пешрафти илму техника ва ҳамзамон табаддулоте, ки дар самти сиёсати иқтисодиёти ҷаҳон ба амал омада истодааст, мамлакатҳое, ки дар ҷараёни глобализатсионӣ ширкат намеварзанд, наметавонанд иқтисодиёти миллии хешро ривоҷ дода, сатҳи зиндагии шоистаро барои аҳолии кишвар таъмин созанд. Бинобар ин, глобализатсия ба рушди устовори иқтисодӣ таъсири мусбат расонида, дар ҳамгироии ҳаёти хоҷагидории мамлакат ба иқтисодиёти ҷаҳон восита мегардад.
Маърӯзачӣ иброз намуд, ки рушди иқтисодӣ аз рушди устувори иқтисодӣ тафовут дошта, агар рушди иқтисодӣ маънои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии иқтисоди миллӣ бошад, пас рушди устувори иқтисодӣ баланд бардоштани ин нишондиҳандаҳо бо роҳу воситаҳое, ки онҳо ба насли оянда ягон хатар надошта бошанд, аст. Сипас, ҳадафҳои рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, гуфта шуд, ки дар кишвар барои ноил гаштан ба рушди устувор 17 ҳадафи характери умумиллидошта муайян гаштаанд, ки барои таъмини рушду устувор онҳо бояд амалӣ гардонида шаванд.