Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Семинари ҷамъбастии Лоиҳа

Семинари ҷамъбастии Лоиҳа

Санаи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар ДДМИТ семинари ҷамъбастии Лоиҳаи кумаки техникии маблағгузоришавандаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии равандҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: Лот 1» баргузор гардид. 
Сараввал Бразинскас Сигитас, роҳбари Лоиҳа оид ба амалишавии ҳадафҳои гузошташудаи лоиҳа баромад намуд. Номбурда гуфт, ки дар амалинамоии ҳадафҳои муҳими ислоҳот дар самти мукаммалнамоии идораи молияи давлатӣ ва системаи омодамоӣ ва такмилдиҳии кадрҳои ин соҳа дастгирии кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо мусоидат намуд. Ҳамзамон дар ташаккули системаи омодасозии кадрҳои болаёқат ва ба талаботи замон ҷавобгӯ ба татбиқи компоненти Лоиҳаи мазкур имкониятҳои бештар фароҳам овард. Инчунин дар марҳилаи дуюми Лоиҳаи мазкур мақсадгузорӣ нисбати мукаммалгардонии низоми таълиму тадқиқот ба самти омӯзонидани гурӯҳи омӯзгорон нигаронида шуда буд, ки дар натиҷа як гурӯҳи омӯзгорон дар давоми зиёда аз нӯҳ моҳ бо усулҳои муосири таҳқиқоти илмӣ ва татбиқи он дар доираи моделсозӣ ва ояндабинӣ шинос шуданд. Гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи нақшаву аҳдофи мо сарбаландона амалӣ гардиданд, гуфт дар ҷамъбаст мавсуф. 
jam_loiha400.jpgДар идома Фирӯз Қодиров, муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқӣ баромад намуда, иброз дошт, ки то ба имрӯз Лоиҳа дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон тайи панҷ соли татбиқгардӣ барои амалинамоии ҳадафҳои муҳими ислоҳот дар самти мукаммалнамоии идораи молияи давлатӣ ва системаи омодамоӣ ва такмилдиҳии кадрҳои ин соҳа дар муассиса нақши муҳимро иҷро кард. Ҳамзамон баргузории чандин семинару конфронсҳо, ки бо ташаббуси Лоиҳа баргузор гардид, дар такмили ҳамаҷонибаи донишҷӯёну устодон ва мутахассисони донишгоҳ дар самти идораи молияи давлатӣ ва системаи омодамоӣ мусоидат намуд. 
Дар баробари ин, Е.Мирзоева, устоди кафедраи менеҷменти молиявӣ дар мавзӯи «Дар бораи татбиқи барномаи таълимии идораи молияи давлатӣ дар ДДМИТ» ва Искандар Давлатов, коршиноси К4-и Лоиҳа оид ба хулосабарорӣ ва натиҷагирии Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии равандҳои алоҳидаи ислоҳот дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ: ЛОТ 1» баромад намуд. 
Ёдовар бояд шуд, ки Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EUROPE Aid/134384/Dh/Ser/ Tj» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз соли 2015 татбиқ мегардад, ки мақсади он дастгирии ислоҳоти идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур дар давоми 5 сол амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он моҳи июли соли 2015 барои таъмини базаи моддию техникии донишгоҳ таҷҳизоти техникии таълимии замонавӣ ворид карда шуд. Дар баробари ин, дар доираи лоиҳа якчанд семинару тренингҳо ва вохӯриву конфронсҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ баргузор карда шуд. 
Дар доираи лоиҳа 17 нафар устодони донишгоҳ барои омӯзиши амиқи соҳаи идораи молияи давлатӣ бо истифода аз амсиласозии математикӣ ба машғулиятҳо фаро гирифта шуданд. Бо мақсади тақвияти фаъолияти илмию тадқиқотии устодон ва магистрону докторантон бо дастгирии Лоиҳаи мазкур Маркази “Think Tank” таъсис дода шуд. Аъзоёни ҳамин марказ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва Москваи Федератсияи Россия сафари омӯзишӣ анҷом доданд. 


Н.Раҳимзода