Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ташрифи экспертони хориҷии НААР ба ДДМИТ

Ташрифи экспертони хориҷии НААР ба ДДМИТ

Дар доираи иҷрои созишнома ва нақшаи чорабиниҳои гузаштан аз аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ рӯзҳои 25-27 феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон комиссияи экспертони хориҷии ташкилоти НААР (Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг)-и Ҷумҳурии Қазоқистон кор мебаранд. Барномаҳои таълимии ихтисосҳои 1-250104 – молия ва қарз (бакалавриат); 1-25010403- андоз ва андозбандӣ (бакалавриат); 1-26020200- менеҷмент (бакалавриат) аз аккредитатсияи институтсионалӣ гузаронида мешаванд. Бо ин мақсад ба ДДМИТ чанд тан аз коршиносони ин ташкилот ташриф оварданд. 
Аз рӯи барномаи сафар онҳо бо ректори ДДМИТ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, муовинони ректор, сардорони сохторҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва хатмкардагони ихтисосҳои марбута суҳбат карданд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ҳамзамон, аз синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаи илмӣ, майдончаҳои варзишӣ, маркази тестӣ, толори варзишӣ, маркази таълимӣ барои духтарон, толори фарҳангӣ, осорхонаи донишгоҳ дидан намуданд. 
Рӯзи 26 феврал аз фаъолияти кафедраҳои тахассусии дахлдор ошно ва аз рӯи ҷадвали дарсӣ ба машғулиятҳо ворид мешаванд. Бо донишҷӯёни ихтисосҳои аккредитатсияшаванда пурсиш гузаронида мешавад. Ҳамзамон, бо хатмкардагон ва кордиҳандагон суҳбат меороянд. 
Рӯзи сеюм тибқи барномаи сафар бо пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии ихтисосҳои аккредитатсияшаванда, ба монанди Вазорати молияи ҶТ, бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, ҶСК «Тоҷиктрансгаз», Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ ташриф оварда, шинос мешаванд. 
Ҳамин тавр, дар рӯзи охирин комиссияи берунаи экспертӣ хулоса ва пешниҳодоти худро оид ба натиҷаҳои аккредитатсияи байналмилалӣ ба роҳбарияти таълимгоҳ пешниҳод менамоянд.