Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Артиши миллии дорои таҷрибаи бузург

Артиши миллии дорои таҷрибаи бузург

Артиши миллӣ дар ҳар давру замон чун кафили рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Бинобар ин, мо бояд шукронаи истиқлолият намоему дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Вобаста ба ин масъала, санаи 21-уми феврал бо ташаббуси мудири кафедраи суғуртаи факултети иқтисод ва бизнес дотсент К. Камолов дарси кушоди тарбиявӣ-сиёсӣ баргузор гардид. 
Нахуст эдвайзер оид ба тарбия Ҷ. Халифазода дар баромади худ қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чунки як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо пушти сар намудааст. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро такмил медиҳад. 
Баъдан мудири кафедраи суғурта К. Камолов қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. 
Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. 
Дар охир аз тарафи устодон ва донишҷӯён гуфта шуд, ки бигзор, дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монда, Артиши миллии мо низ ҳамеша чун рамзи саодатмандӣ ва қудратнокии мардуми шарифи Ватани азизамон боқӣ монад. 


Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултет