Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рисолати касбии муҳофизони Ватан

Рисолати касбии муҳофизони Ватан

Бистуҳафт сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ - ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст. Дар зарфи беш аз ду даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. 
Аз соли 1993 то имрӯз, ҳамасола 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Баҳри таҷлили бошукуҳи ин рӯз санаи 21-уми феврали соли равон дар факултети технолонияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. 
Дар аввал декани факулта Илҳомиддин Неъматов баромад намуда, таъкид дошт, ки хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Бинобар ин Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад. 
Ҳамчунин гуфта шуд, ки имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. 
Дар идома чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ баҳри дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон намоиш дода шуд. 
Дар хатми ҷамъомад ба як гурӯҳ устодон ва меҳмонони чорабинӣ туҳфаву сипосномаҳои садорати факулта тақдим шуд.