Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Қувваҳои мусаллаҳ - ҳомии миллату давлат

Қувваҳои мусаллаҳ - ҳомии миллату давлат

Санаи 22 феврали соли равон бо ибтикори факултети молия ва қарзи ДДМИТ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бо иштироки намояндагии ташкилоти ҷамъиятии собиқадорони Руссия "Бародарони ҷангӣ" 201-ум пойгоҳи низомии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдаҳмад Давлатов ва доираи васеи устодону донишҷӯён бо тантана таҷлил гардид. 
Чорабиниро декани факултет Амрулло Нурализода ифтитоҳ намуд ва гуфт, ки аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтаанд. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. 
Сипас Саидаҳмад Давлатов суханронӣ карда, доир ба фаъолияти худ ва таъриху ташаккули ин ниҳод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки: «Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт. Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд, на танк, на либоси хуб, на хӯроки соз, бо як мушкилиҳои зиёд таъсис дода шуд. Зимни ҷамъомад зикр гардид, ки ҳоло Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, бо техникаи ҳарбии пурқувват, иншоот ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин гардидаанд. 
Баъдан, донишҷӯи курси 3-юми факултет Одилҷон Маҳмудов дар мавзӯи "Қувваҳои Мусаллаҳ - ҳомии миллату давлат" ва донишҷӯи курси 1-ум Фатҳуллои Нарзуллозода дар мавзӯи "Таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" маърӯза намуданд. 
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеъру суруд ва табрикотҳои ватандӯстдорона қироат гардид. 
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби декани факултет ба як қатор донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ, саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, тарғиби ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ миёни ҷавонон бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. 


Амирхон Баротов , эдвайзер оид ба тарбияи факултет