Хабарҳо
Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти энергетикӣ
27-уми феврал дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт зермаҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи «Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар маҳфил намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор Наҷмиддинов иштирок дошт.
Нахуст намояндаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Ёрибек Тилябов зикр кард, ки дар чоҳорчӯбаи татбиқи ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат, боиси таҳқиқ намудани самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии объектҳои гидроэнергетикии низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод гардидааст. Зеро рушди соҳаи мазкур яке аз заминаҳои муҳими рушди бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро самаранокии пасти истифодаи неруи барқ (ки талафоти он тақрибан 16%-ро ташкил медиҳад) ва хурдашавии фондҳои асосӣ бо худ хусусияти иқтисоди миллиро дар ин самт муқаррар менамоянд. Бинобар ин, бо назардошти мавҷудияти захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, дар заминаи омӯзиши самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии объектҳои гидроэнергетикии мамлакат, раванди таъмини амнияти энергетикӣ яке аз омилҳои муҳими муайянкунандаи рушди иқтисодиёти кишвар маҳсуб ёфта, ба масъалаҳои махсусан афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии он мансуб дониста мешавад.
Сипас Ф. Соҳибов, устоди кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт доир ба мавзӯи «Самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии гидроэнергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, афзуд, ки дар натиҷаи густариши ҷараёнҳои глобализатсионӣ истифодаи босуръати захираҳои табиӣ ба назар мерасад ва масъалаи норасоии захираҳои мазкур, махсусан захираҳои энергетикӣ, имрӯз шадидан эҳсос карда мешавад. Дар доираи рушди босуръати харитаи иқтисодии ҷаҳон, муайян намудани самтҳои асосии баланд бардоштани амнияти иқтисодии объектҳои гидроэнергетикӣ, дар самти пешгирӣ намудани буҳронҳои энергетикию экологии минтақа, воқеан муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар музокира намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусатор Наҷмидинов, декани факултет н.и.и., дотсент Неъматов И.У., муовини декан н.и.и. Воҳидов У.М. ва мудири кафедраи СТИИ н.и.и., дотсент Раҳимов Ф.С. баромад намуданд. Аз тарафи баромадкунандагон қайд гардид, ки таъмини амнияти иқтисодии объектҳои гидроэнергетикии низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин заминаи асосӣ барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад.
Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илми факултет