Хабарҳо
Аудити захираҳои молию моддӣ
Рӯзи 27-феврали соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор дарси кушоди н.и.и., дотсенти кафедраи аудит ва ревизия Орзуев П.Ҷ. дар мавзӯи “Аудити захираҳои молию моддӣ” бо иштироки донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 1-250111 ва устодон баргузор гардид. “Мақсади аудити захираҳои моддию молӣ ташаккули фикру мулоҳиза оид ба дурустии маълумоти ҳисоботи молиявии қатори захираҳо мебошад. Ин мақсад ба воситаи гузаронидани тестҳо ва дигар қоидаҳои тафтиши аудиторӣ, дар рафти он муайян ва иҷро карда мешавад”, чунин қайд намуд дар маърӯзааш дотсент П Орзуев. Инчунин, мавсуф дар шароити муосир нақши аудити захираҳои молию моддиро дар фаъолияти корхонаҳо муҳим арзёбӣ кард.
- Мақсади санҷиши аудитории баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ – ифодаи афкори аудитор дар бораи боэътимодӣ ва пуррагии инъикоси иттилоот оид ба захираҳои молию моддӣ (ЗММ) дар ҳисоботи молиявӣ (муҳосибӣ) тибқи санадҳои меъёрии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, - гуфт Орзуев П.
Дар охири дарс саволҳо аз ҷониби устодону донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ пешниҳод гардид ва ҳар яки онҳо ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.