Хабарҳо
Бонки Умумиҷаҳонӣ ва таърихи ташаккулёбии он
Санаи 28-уми декабри соли равон дар кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Бонки Умумиҷаҳонӣ: таърихи ташаккулёбӣ, сохтор ва фаъолияти он» гузаронида шуд. Дар маҳфил донишҷӯи курси чоруми ихтисоси молия ва қарз дар фаъолияти иқтисоди беруна Фаромарз Эмомов баромад намуд. Зимни баррасии мавзӯъ маърӯзачӣ қайд намуд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ созмони байналмилалии молиявист, ки бо мақсади расондани ёрии молиявӣ ва техникӣ ба кишварҳои рушдёбанда соли 1944 дар конференсияи Бреттон-Вуд (ИМА) ташкил карда шуд. Ҳоло яке аз созмонҳои бузурги молиявии ҷаҳон маҳсуб меёбад. Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафхои Бонки Умумиҷаҳонӣ мусоидат намудан ба ҷаҳонишавии устувор ба нафъи тамоми табақаҳои аҳолӣ; кам кардани сатҳи камбизоатӣ; суръатбахшӣ ба рушди иқтисодӣ бе расонидани зарар ба муҳити атроф; аз байн бурдани камбағалию гуруснагӣ, таъмини фарогирии маълумоти умумии ибтидоӣ; ташвиқи баробарӣ миёни зану мард ва васеъсозии ҳуқуқу имконоти занон; паст намудани сатҳи фавти кӯдакон, беҳсозии вазъи ҳифзи модарон; мубориза бо ВИЧ/СПИД, табларза ва бемориҳои дигар мебошад.
Бонки Умумиҷаҳонӣ вазифаҳои ҷаҳонии рушди инсонро баррасӣ намуда, барои ниёзмандон бо фоизҳои паст қарз пешниҳод менамояд. Намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон октябри 1996 таъсис дода шуд.
Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 узви Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дар соли 1994 шомили Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) гардид.
Устодони кафедра М.Буриева ва П.Усмонов вобаста ба мавзӯъ фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Дар охир музокира ва саволу ҷавобҳо оид ба мавзӯъҳои баррасишуда сурат гирифт.
Ш. Сангинова, раиси МИД-и кафедра