Хабарҳо
Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни хобгоҳ
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Вобаста ба ин, санаи 28-уми феврали соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо ибтикори раёсати корҳои тарбиявӣ дар хобгоҳи №1-и донишгоҳ бо истиқоматкунандагони хобгоҳ вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мутахассисони раёсати корҳои тарбиявӣ Х.Холмуродов ва М.Раҷабов оид ба рафти маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
Зимни баромад мутахассисон иброз доштанд, ки ҳар яки моро зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба номзади арзандаи худ овоз диҳем. Овози ҳар яки мо метавонад ҳалкунанда бошад. Дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ бетарафӣ зоҳир кардан маънои бетафовут будан ба фардои дурахшони сарзамин ва фарзандонро дорад.
Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад.
Ёдовар бояд шуд, ки интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1-уми март баргузор мегардад.