Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МОДАР-ОЛИҲАИ НУР

МОДАР-ОЛИҲАИ НУР

Зери ҳамин унвон санаи 2 марти соли равон бо ибтикори Шӯрои бонувону донишҷӯдухтарони ДДМИТ нишасти маърифативу фарҳангӣ доир гардид. 
Нишаст бо сухани ифтитоҳии Б.Қодирова оғоз гардид ва мавсуф иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати Рӯзи Модар таҳният намуда, изҳор дошт, ки сол аз сол дар Тоҷикистон зери роҳбари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ва шахсияти зан-модар густурдатар мегардад. Ҳамин аст, ки имрӯз занон аз фаъолтарин қишри ҷомеа маҳсуб меёбанд. Сипас Т.Умаралиева сухан ронда, баён дошт, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Рӯзи Модар қарор дорад. Имрӯз ними бештар аз 9 миллионнафара ҷомеаи Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Онҳо худро олиҳаи хонадони мардони ҷасуру асолатзодаи Тоҷикистон медонанд ва ҳамеша чашм ба он медӯзанд, ки аз мардони худ муҳаббату шафқатро бубинанд. Ҷомеаи мардони Тоҷикистон низ ҳамеша нисбати зан-модар эҳтироми хоссаву арзишмандеро қоил буданд ва ҳастанд. 
Дар нишаст А.Давлатзода суханронӣ намуда, шахсияти зан-модарро иродатзодагони башарият унвон намуда, таъкид дошт, ки тамаддуни ҳастии инсоният аз домон ва сарчашмаи лутфу меҳри ҷаҳонафрӯзи модарон маншаъ мегирад. 
Сипас, аъзоёни маҳфили «Духтарони сарвар»-и назди Шӯрои кор бо бонувону донишҷӯдухтарони донишгоҳ Лайло Шодихонзода дар мавзӯи «Оила: аз тарбия то шинохти ватандорӣ», Сифат Исломова дар мавзӯи «Нақши занон дар ҷомеаи муосир» ва Муҳаммад Аҳтамзода, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон-пайравони Пешвои миллат» дар мавзӯи «Афкори мутафаккирони ҷаҳон нисбати зан-модар» маърӯза намуданд. Нишаст бо бахши фарҳангии иборат аз шеъру таронаву сурудҳои таҷассумкунандаи шукӯҳу шаҳомати модарон ба анҷом расид. 


Парвина Шамсова –узви маҳфили «Духтарони сарвар»-и назди Шӯрои кор бо бонувону донишҷӯдухтарони ДДМИТ