Хабарҳо
Истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои пешрафти иқтисодиёт
Имрӯз барномаҳои компютерӣ пайваста рушд карда истодааст ва исботи онро аз пайдо шудани усулҳои гуногуни он, шумораи зиёди забонҳои барномасозӣ, таъминоти барномавӣ, системаҳои барномасозӣ ва комплексҳои барномавӣ барои соҳаҳои гуногуни ҳаёту фаъолияти инсон дидан мумкин аст. Барномасозии имрӯза вобаста ба давраҳои инкишофёбӣ ба тараққиёти босуръати тахнологияҳои иттилоотӣ дорои якчанд усулҳо мебошанд, ки онҳо барои сохтани барномаҳо дар соҳаи гуногуни илм ва техника истифода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Дар марҳалаи имрӯза бо истифода аз барномаҳои компютерӣ ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад».
Вобаста ба ин санаи 29-уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои пешрафти андозагирӣ ва ҳолатҳои иқтисодӣ» баргузор гардид, ки дар он устодони пуртаҷрибаи соҳа оид ба пажӯҳиш ва таҳқиқотҳои илмии дар ин самт ба анҷом расонидашуда маълумот ва тавсияҳои мушаххас доданд.
Дар семинар дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон О.Табаров дар мавзӯи «Истифодабарии барномаҳои компютерӣ барои пешрафти андозагирӣ ва ҳолатҳои иқтисодӣ» ва устодони ДДМИТ И.Ҳалимов дар мавзӯи «Тарзи дуруст истифодабарии барномаи SQL дар раванди автоматикунонии ҷойҳои корӣ» баромад намуданд.
Гуфта шуд, ки рушди имрӯзаи барномасозӣ мутахассисони соҳа ва барномасозонро маҷбур мекунад, ки ҳар рӯз ба омӯзиши барномасозӣ машғул бошанд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои дар пешгузошта оид ба иқтисоди рақамӣ татбиқи “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон” ба ҳайси як системаи коргузории электронӣ кумак мекунад. Ишора шуд, ки афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум як коргузории муосирро ба миён меорад. Ҳукумати кишвар ҳам гузаштан ба ин навъ қаринаи муосири хизматрасониро пеш гирифтааст.
Ёдовар бояд шуд, ки “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 бо мақсади амалисозии Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 ноябри соли 2003 тасдиқ шудааст.