Хабарҳо
Озмун ифодакунандаи бузургии Модар
Бахшида ба Рӯзи Модар дар донишгоҳ санаи 4 марти соли равон озмун байни факултетҳо зери унвони «Модар, чун Аноҳито ёдат мекунам…» баргузор гардид. Озмун аз панҷ номинатсия, ба мисли қироати шеър, иҷрои суруди беҳтарин дар бораи модар, тарона, иҷрои беҳтарин суруди «Алла», расмкашии беҳтарин иборат буд.
Аъзои комиссия дар ҳайати Муллоҷонов А., Юнусова Р., мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н.Синои ш. Душанбе, Абдуллоева М., Мамадбекова Н., Умаралиева Т. намоиши омоданамудаи 6 факултет ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмию педагогиро дидан карданд.
Ҳар як факултет бо омодагии хосса ҳар панҷ номинатсияро омода ва манзури ҳозирин карданд, шеърҳои беҳтарин дар бораи модар, таронаҳо дар васфи бузургии модар, суруд дар бораи модар ва суруди «Алла»-и модарро донишҷӯён бо маҳорати баланд иҷро карданд. Аз ҳар як факултет толибилмони қобилияти баланди расмкашидошта расмҳои беҳтарини модарро рӯи коғаз оварданд, ки ҷозибияти беш дошт.
Бояд гуфт, ки ҳамасола ин қабил озмунҳо гузаронида мешаванд ва озмуни имсола бо диди нав ва бо саҳанҳои ҷадид фарқкунанда ва хеле табиӣ ва воқеӣ буд.
Хуллас, озмун ифодакунандаи бузургии Зан-Модар ва муҳаббати бепоёни фарзанд нисбати Модар буд.
Озмун рӯзи 7 март ҷамъбаст ва ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмон мукофотонида мешаванд.
Абдуллоева М.