Хабарҳо
Таҷлили ҷашни бошукӯҳи Рӯзи модар
Бахшида ба таҷлили Рӯзи модар дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарон чорабинии тантанавии идона баргузор гардид. Дар оғоз Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ ҳайати бонувонро бо ин ҷашни фархунда табрик намуд. Мавсуф аз дастовардҳои занону духтарон, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Пешвои миллат ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар вазифаҳои роҳбарикунандаи раёсату шуъбаҳо ва хадамот фаъолияти пурсамар доранд, сухан карда, саҳми арзандаи занону модаронро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва таҳкими нақши зан дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ зикр намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз бонувони тоҷик дар баробари ба дунё овардани тифл, тарбияи фарзанд ва мушкилоти зиндагӣ, боз таъмини суботу оромиро бар уҳда доранд, ки ин мояи ифтихор аст.
Сипас аз ҷониби дастаи фарҳангии факулта барномаи фарҳангӣ-тарбиявӣ, ки аз шеъхониву сурудхонӣ дар васфи модар иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардид.
Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли ояндасоз, инчунин, сиёсатмадору олим, омӯзгору табиб, ҳунарманду варзишгар, соҳибкори муваффақу коршинос буда, дар рушди ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, яъне барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад.
Ёдовар бояд шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар дилхоҳ ҷодаи фаъолият муваффақ бошанд.
Дар анҷом ба донишҷӯёни фаъол аз ҷониби садорати факултет ифтихорномаҳо супорида шуд.