Хабарҳо
Нақши занон дар пешрафти мамлакат
Вобаста ба таҷлили Рӯзи модар дар ҷумҳурӣ санаи 3-юми марти соли равон дар факултети иқтисод ва бизнес бо иштироки донишҷӯдухтарони факултет маҳфили тарбиявӣ баргузор гардид.
Нахуст декани факултет Б.Сатторов суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрик кард. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки мо дар омад-омади Иди модар қарор дорем. Рӯзе, ки бори дигар аз азамату бузургии модар сухан рафта, мақому манзалати занро нишон медиҳад. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки нақши бонувон ва ҷавондухтарон имрӯза дар ҳама соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ назаррас ва калидӣ аст. Модар дар роҳи тарбияти фарзанд чӣ ранҷҳову заҳматҳо кашидааст.
Гуфта шуд, ки воқеан зан-модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд. Инчунин, нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.
Зикр гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як зумра стратегияву барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа қабул гардиданд, ки барои фаъолияти бонувон имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд.
Сипас якчанд донишҷӯдухтарони фаъоли факултет барои саҳми арзанда гузоштан дар чорабиниҳои факултет бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотирмони садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.
Ҷовидон Халифазода, эдвайзер оид ба тарбияи факултет