Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Ҳамасола 15-уми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон таҷлил мешавад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин рӯз бо баргузории вохӯриву семинарҳо ва конфронсҳо таҷлил карда мешавад. 
Санаи 4-уми марти соли равон дар ДДМИТ бо иштироки мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо мақсади дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо мақсади баланд гардонидани савияи дониш ва сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии хонандагон дар мавзӯи «15-уми март – Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» баргузор гардид. 
Дар семинар Манучеҳнр Каримзода, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ, Абдураҳмон Ҳакимзода, Мирзораҳим Раҳимов, Амонулло Ҳакимӣ, Акмал Давлатов ва Ғуломҷон Юнусов, кормандони раёсати ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Умед Хаскашов, намояндаи Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Малоҳат Зайниддинова, намояндаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо иштирок ва баромад намуданд. 
Дар семинар гуфта шуд, ки мафҳуми муосири ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз эътирози расмии шаҳрвандон нисбат ба фурӯшандаҳои маҳсулоти хӯроквории вайронгашта дар иёлоти Массачусетси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1775 ибтидо гирифтааст. Тадриҷан ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар ИМА диққат дода, ҷиҳати ташаккули қонунгузорӣ дар ин соҳа замина гузошта шуд ва соли 1890 аввалин маротиба қонуни зиддиинҳисории Шерман қабул гардид. Соли 1960 Созмони байналмилалии ҷамъиятҳои истеъмолгарон арзи ҳастӣ кард, ки айни замон ба он беш аз 200 ташкилоти миллии давлатӣ, ҷамъиятӣ, минтақавии кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон дохиланд. 


zdins4001.jpgБаъдан 15 марти соли 1983 ба тақвими байналмилалии санаҳои ҷашнӣ ворид карда шуд. Ду сол пас, Маҷмааи кулли СММ «Асосҳои роҳбарӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолгарон»-ро тасдиқ кард. Тибқи қарори ҷаласаи нахустини Шӯрои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз 25 ноябри соли 2011 Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолгарон дар кишвари мо низ ҷашн гирифта мешавад. 
Ёдовар бояд шуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» амал мекунад, ки муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кор, хизматрасонӣ) дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасонӣ) ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.