Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳамоиши занони таълимгоҳ

Ҳамоиши занони таълимгоҳ

Ба ифтихори Рӯзи Модар бо ташаббуси раёсати корҳои тарбиявӣ рӯзи 5 марти соли равон мизи мудаввар зери унвони «Густариши раванди эътимоднокӣ ба занҳо дар татбиқи сиёсати давлатӣ» доир гардид. 
Онро бо сухани табрикотӣ Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ кушода, бузургӣ ва манзалати Зан-Модарро васф намуд. Мавсуф мавқеи зани тоҷикро дар рушди ҷомеа назаррас арзёбӣ карда, фаъолияти бонувонро дар тамоми ҷабҳаҳо муваффақона ва пурсамар номид. 
Сипас Наргис Аслонова, профессори кафедраи забони тоҷикӣ дар мавзӯи «Зан-Модар – сарчашмаи ҳаёт» баромад карда, модарро олиҳаи зиндагӣ ва омӯзгори аввалини фарзанд хонд. Мавсуф таъкид дошт, ки адибону бузургони ҷаҳон дар асарҳояшон модарро ситоиш кардаанд, аз ҷумла дар бораи таърихи ифшои достони «Ҷони ширин»-и Мирзо Турсунзода ёдовар шуд. 
alla401.jpgБаъдан Фирӯза Абдулвоҳидова, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ дар мавзӯи “Рӯзи модарон ҷашни ниёгон” баромад намуда, дар бораи таърихи пайдоиши ин ҷашн маълумот дод. Ӯ дар бораи ташкили ин ҷашн ҳанӯз 3 ҳазор сол пеш аз тарафи ниёгони мо – ориёиҳо барои занони покдомани худ гуфта истода, иброз дошт, ки он дар моҳи сеюми фасли зимистон ҷашн гирфта мешуд ва онро “муждагирон” мегуфтанд. Мавсуф дар бораи нақши занони тоҷик дар давлатдории сулолаи Ҳахоманишиён ва Сосониён махсус истода гузашт ва онро муҳиму назаррас хонд. 
Сипас аз ҷониби Евгения Мирзоева, номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Нақши занон дар идоранамоии сиёсати давлатӣ” маърӯза карда, асноди меъёрию ҳуқуқии вобаста ба мавқеи зан қабулшударо шарҳу тавзеҳ дод ва нақши ин санадҳоро дар болобардории мавқеи зан дар ҷомеа муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф қайд намуд, ки имрӯзҳо 23,3% хизматчиёни давлатиро занҳо ташкил медиҳанд ва ягон соҳае нест, ки дар он бонувон кору фаъолият надошта бошанд, ки дар ин нақши институтҳои демократӣ дар кишвар муассир мебошад. 
alla403.jpgДар идома Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии занон” баромад карда, хизматҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавқеъ пайдо кардани зани тоҷик беназир маънидод кард. 
Дар маърӯзаҳо нақши занони тоҷик дар рушди ҷомеа, дар тарбияи фарзандон, таҳкими оила, ободии диёр нишон дода шуда, бузургию манзалати ӯ як бори дигар ёдрас гардид. 
Дар ҷамъбаст Таҳмина Умаралиева, сардори Шӯрои кор бо бонувон ва донишҷӯдухтарон баромад карда, кори мизи мудавварро натиҷагирӣ кард ва аҳли толорро бо ин ҷашн муборакбод гуфт. 
Сипас чанд нафар фаъолони озмуни баргузоршуда бахшида ба Рӯзи модарон намунаи эҷоди худро, аз қабили қироати шеър, суруд, аллахонӣ ва расмкашӣ намоиш доданд, ки басо муассиру ҷолиб буд. 
Дар охир, ба беҳтаринҳо Ифтихорнома супорида шуд. Ҳамоиш дар сатҳи баланди ташкилӣ ва хеле ҷолиб сурат гирифт. 


Машҳура Абдуллоева