Хабарҳо
Модарон арзандаи лутфи накуянд то абад
Ба ифтихори Рӯзи Модар санаи 6 март дар донишгоҳ чорабинии фарҳангиву маърифатӣ доир гардид. Онро бо сухани табрикотӣ ректори таълимгоҳ Хайрзода Шукрулло кушода, мавқеъ ва манзалати зани тоҷикро дар замони имрӯза аз ҳама боло донист. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки дар тӯли даврони истиқлолият вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва нақши онҳо дар ҷомеа, ҳаллу фасли масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти бонувон, як силсила асноди меъёрии ҳуқуқии ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати зани тоҷик равонагардида ба тавсиб расиданд. Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои занон, боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занон мебошад.
Ректор дар идома аз фаъолияти пурсамари бонувони донишгоҳ ёдрас шуд, ки шумораашон ба 261 нафар мерасад ва нақши онҳоро дар пешрафти таълимгоҳ ва болобурди таълиму тарбия муҳим арзёбӣ кард.
Мавсуф дар асоси андарзҳо баҷоории ҳурмату эҳтироми модарро талқин дошта, калимаи «модар»-ро ифодакунандаи меҳр, одоб, дунё, ақл ва раҳм донист.
Дар идома ба чанд нафар устодону кормандони фаъол бахшида ба Рӯзи Модар – Наргис Аслонова, профессори кафедраи забони тоҷикӣ, София Темурбекова, мудири кафедраи информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт ва Гулчеҳра Азимова, нозири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд.
Инчунин, аз ҷониби намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм ба Ёқубова Зулола Ифтихорнома тақдим гардид.
Ҳамзамон озмуни «Модар, чун Аноҳито ёдат мекунам…», ки чанде қабл байни факултетҳо ва шуъбаи омодакунии кадрҳои илмию педагогӣ доир шуда буд, натиҷагирӣ гардида, ғолибон – ҷойи аввал факултети иқтисод ва бизнес, ҷойи дувум факултетҳои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва молия ва қард, ҷойи севум факултети ҳисобдорӣ ва омор дониста шуда, ба беҳтарин иштирокчиён – беҳтарин суруди алла – Зокирова Р., тасвири беҳтарини модар – Муҳаббатова Ф., таронаи беҳтарин – Шафиева М., Ифтихорномаи донишгоҳ тақдим гардид ва ҳамаи ин ғолибон бо номераҳои худ баромад карданд ва арҷгузории хешро нисбати модар нишон доданд.
Дар охир аз ҷониби шуъбаи фарҳанг бо роҳбарии Ҷурамуроди Муҳаммадназар дастагули консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеъру саҳначаи ҳаҷвӣ ва номераи нав – бигбост манзури тамошобинон гардонида шуд, ки бозгӯи меҳру муҳаббат ва ҷойгоҳи баланди Зан-Модар буд.
Машҳура Абдуллоева