Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Модарон ва бонувони азизу арҷманд!

Модарон ва бонувони азизу арҷманд!

Бо омадани як фасли зебои рустанҳову сабзгаштанҳо ва дӯстдоштанӣ мардуми сарбаланду озодандешамон як ҷашни муборак - Рӯзи Модарро истиқбол менамоянд. Ин ид гувоҳ аз эҳтирому қадрдонии заҳматҳову ранҷҳои модарони азиз ва муҳаббату самимияту саодати зани тоҷик мебошад. Зеро нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахту солим, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. 
Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи мо боло рафта, модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд. 
Боиси ифтихори мост, ки дар донишгоҳ низ аз ҳисоби бонувон омӯзгорону кормандон кору фаъолияти пурсамар доранд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Мо бо бонувон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ифтихор дорем. 
Дар охир ин рӯзи зебо, яъне Рӯзи Модарро барои тамоми модарону бонувони арҷманд бо камоли мамнуният табрику таҳният намуда, беҳтарин таманниётро баҳрашон баён менамоем: Модар фаришта буд, дақиқан, фаришта буд, Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт. 


Ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода