Хабарҳо
Зан-Модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯзу фардои миллат
Бо мақсади таҷлили Рӯзи модар ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа дар факултети молия ва қарзи ДДМИТ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ декани факултет Амрулло Нурализода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо дастгириҳои пайваста ва ғамхории падаронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувон дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд. Номбурда ёдовар шуд, ки дар заминаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба тасвиб расидани як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз қабили Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Консепсияи рушди оила қабул гардиданд.
Дар идома Бунафша Қодирова, муовини ректор оид ба тарбия баромад нумуда, қайд кард, ки мо занони саодатманду баландиқболи тоҷик ифтихор аз он дорем, ки султони сарнавиштсози тақдир барои мо занону модарон пуштибони асилу сипари боэътимод, соҳибтамаддуну фарҳангсолор Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато намудааст. Соҳибистиқлолӣ чунин муҳитеро фароҳам овард, ки ҳар як фард, бахусус занон, имконияти муфиди худсозию худмуаррифиро дар ҷомеа ба даст оварда, дарк намуданд, ки онҳо низ ҳамчун як қувваи бузурги созанда метавонанд саҳми худро дар бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ гузоранд, метавонанд собит созанд, ки рисолати ватандориро бо тамоми вуҷуди худ эҳсос ва дарк менамоянд.
Баъдан, аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангӣ иборат аз шеъру суруд ва саҳначаҳои тарбиявӣ намоиш дода шуд.
Ҳамзамон дар санаи мазкур дар факултети технологияҳои иттиллотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи модар чорабинӣ баргузор гардид. Илҳомиддин Неъматов, декани факултет ҳозиринро бо Рӯзи модар шодбош гуфта, иброз дошт, ки воқеан, модар азизтарин мавҷуди рӯи замин мебошад, зеро зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Ба қавли бузургон модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Занону модарон оинаи беғубор буда, инъикоси симои ботинию зоҳирии ҳар як давлату миллат ба ҳисоб меравад. Номубда илова дошт, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҷомеа баланд шуд. Зан-Модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯзу фардои миллат буда, маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик тӯли ҳазорсолаҳои таърихи миллати тоҷик фарзандони бонангу ори миллатро тарбия намудааст, ки онҳо тавонистанд баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош намоянд.
Абдулло Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ зимни суханронӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ҷалб карда шаванд. Дар ин замина сафи бонувони муаллим ва коргарзанон дар донишгоҳ дар қиёс ба солҳои қаблӣ бештар гардидааст ва саҳми онҳо дар тарбияи донишҷӯён бағоят чашмрас аст.
Баъди баромаду суханронӣ, аз ҷониби дастаи фарҳангии факулта барои болидаруҳии занону бонувон суруду таронаҳо дар васфи модар сароиданд. Ҳамчунин, донишҷӯён бо саҳнаҳои омоданамудаи тарбиявӣ-ҳаҷвии хеш таъби ҳозиринро болида гардониданд.
Дар анҷом ба як қатор донишҷӯёни факултет барои хониши аъло ва иштироки фаъол дар корҳои чорабиниҳои ҷамъитятӣ ифтихономаи садорати факултет супорида шуд.