Хабарҳо
Довталабон аз ДДМИТ боздид намуданд
Шурӯъ аз 11-ум то 14-уми марти соли равон дар ДДМИТ бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва муаррифии донишгоҳ «Рӯзи дарҳои кушод» баргузор гардид. Зимни боздид довталабон аз шарту шароити таҳсил дар донишгоҳ, факултаҳо, синфхонаҳои электронӣ ва лингофонӣ, толорҳои конфронсӣ, китобхона, хобгоҳҳо ва толорҳои варзишиву фарҳангӣ боздид намуданд. Дар бинои асосии донишгоҳ гӯшаи махсуси тарғиботӣ таъсис дода шудааст, ки аз он довталабон маълумотҳои зарурии худро вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда метавонанд гиранд. Тибқи нақша дар соли таҳсили 2020-2021 донишгоҳ аз рӯи 40 ихтисос довталабонро қабул мекунад. Таҳсилот дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, магистр, доктор РHD, маълумоти дуюми олӣ ва докторантура роҳандозӣ гардидааст. Тавре аз комиссияи қабули донишгоҳ иттилоъ доданд, ба довталабон ҳамаи ихтисосҳои мавҷуда ва самту фаъолияти минбаъдаи муҳассилини донишгоҳ пурра фаҳмонида шуд. Дар гӯшаи таблиғотии ҳар як факултет мутасаддиён вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда маълумоти пурра медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки ҳоло дар ДДМИТ зиёда аз 8000 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.