Хабарҳо
Нақши равандҳои ҷаҳонишавӣ дар таъмини манфиатҳои иқтисоди миллӣ
Санаи 7-уми марти соли равон дар ДДМИТ семинари доимоамалкунандаи умумидонишгоҳӣ дар мавзӯи «Нақши равандҳои ҷаҳонишавӣ дар таъмини манфиатҳои иқтисоди миллӣ», ки ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) бахшида шудааст, баргузор гардид. Дар семинар гурӯҳи донишҷӯёну устодон иштирок намуданд ва ҷамъомадро муовини якуми ректор оид ба таълим Сандалов Ҳокимбек ифтитоҳ намуд.
Баъдан муовини декан оид ба илми факултети муносибатҳои иқтисоди байнлалмилалӣ Қамар Шодиев баромад намуда, чунин қайд кард: “Ҷараёни ҷаҳонишавӣ яке аз падидаҳое мебошад, ки сатҳи камбизоатиро дар мамлакатҳое, ки дар ин раванд фаъолона ширкат меварзанд, коҳиш дода, ба сатҳи некуаҳволии халқи он таъсири мусбӣ мерасонад”.
Гуфта шуд, ки раванди ҷаҳонишавии муосир, мувофиқи шаҳодати адабиёти ғарб, аз соли 1870 оғоз шуда, то ин замон 3 давраро аз сар гузаронидааст ва параметрҳое, ки дараҷаи ҷаҳонишавиро инъикос менамоянд, ин ҳамгироии мамлакатҳо, гардиши тиҷорати байналмилалӣ, ҳаракати байналхалқии сармоя, муҳоҷирати байналхалқӣ, мубодилаи байналмилалии илму техника мебошанд, ки то соли 1870 назарнорас буданд. Хулоса, манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ дуруст интихоб гашта, мақсадҳои умумимиллии моро пурра инъикос менамоянд.
Дар фарҷом аз ҷониби устодону донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ саволу ҷавоб ва музокирот сурат гирифт.