Хабарҳо
Шанбегӣ баҳри вусъати корҳои ободонӣ
Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ДДМИТ санаи 14-уми марти соли ҷорӣ шанбегӣ ташкил карда шуд.
Шанбегӣ барои ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва тозаву озода гардонидани кӯчаю хиёбон ва гирду атрофи биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён сурат гирифта, дар он устодону кормандон ва донишҷӯёни фориғ аз дарсҳои донишгоҳ дар умум, зиёда аз 350 нафар аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов то ба самти донишгоҳ кӯчаю гузаргоҳҳои ҳудуди донишгоҳро тоза карданд. Ҳамчунин, заминҳои назди биноҳо, бехи дарахту буттаҳои биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишҷӯён мулоим карда шуда, ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо тоза ва дарахтони сершохи хушкшудаи гирду атрофи донишгоҳ кӯтоҳ ва бурида шуданд.
Дар баробари устодону кормандон, ҳамзамон масъулини раёсати хоҷагидорӣ дар дохили биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо корҳои тозагиву ободониро ба анҷом расониданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар таълимгоҳ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани саҳн ва гирду атрофи он пайваста корҳои ободонӣ гузаронида шуда, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат мекунанд.