Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шанбегӣ дар арафаи Наврӯз

Шанбегӣ дар арафаи Наврӯз


Баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ДДМИТ шанбегии умумидонишгоҳӣ ташкил карда шуд. 
Шанбегӣ баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва иҷроиши қарори шаҳри Душанбе ва мактуби вазорати маориф ва илм рӯзҳои 14-ум ва 15-уми март баргузор гардид. Дар шанбегӣ кормандони хоҷагидорӣ, устодону кормандон ва донишҷӯёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ иқоматдошта дар умум, зиёда аз 1500 нафар аз соати 8-и субҳ сар карда, то соати 12-и нисфирӯзӣ аз даромадгоҳи кӯчаи Нахимов ба самти донишгоҳ то кӯчаи Нахимов 64/14, гирду атрофии хобгоҳи №1 ва №2 ва кӯчаи Гипрозем бо гузаргоҳҳояш тоза карданд. 




 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Ҳамчунин ин навбат таваҷҷуҳи асосӣ ба ҷӯйборҳои обгузар аз партовҳо дода шуда, дарахтони сершохи хушкшуда гирду атрофи донишгоҳ кӯтоҳ ва бурида шуданд. Инчунин кормандони хоҷагидорӣ дар растаҳои донишгоҳ гулҳои баҳорӣ шинонда, назди ҳамаи дарахтон ва арчаҳоро нарму мулоим карданд. Дар баробари устодону кормандон ва донишҷӯён сафолакҳои роҳи ба самти донишгоҳро ранг доданд. 
Ҳамин тавр, пайваста дар ДДМИТ барои ободу зебо ва кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии саҳн ва гирду атрофи он, инчунин саҳм гузоштан дар пешравии шаҳри Душанбе дар донишгоҳ корҳои ободонӣ бовусъат идома дошта, дар он ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён фаъолона ширкат доранд.