Хабарҳо
Муаррифии ДДМИТ дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ
Боиси хушнудист, ки солҳои охир бо ташаббуси роҳбарияти муассиса самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодон ва донишҷӯён густариш ёфта, заминаи мусоид барои ворид шудан ба фазои ягонаи илмиро фароҳам овардааст.
Дар ин росто, бо истифода аз шароити мусоид донишҷӯёни донишгоҳ пайваста дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, ба дастовардҳои муҳими илмӣ сарфароз мегарданд.
Ин навбат, донишҷӯёни таълимгоҳ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 12-13 марти соли равон бахшида ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, соҳиби дастовардҳои назаррас гардиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси молия Диана Давлатова аз фанни биология ғолиби ҷойи сеюм ва соҳиби диплом гардида, як қатор донишҷӯёни дигар барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи АИ ҶТ мукофотонида шуданд.