Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Татбиқи моделҳои математикӣ дар иқтисодиёти кишвар

Татбиқи моделҳои математикӣ дар иқтисодиёти кишвар

Методҳои математикӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар иқтисодиёти муосир татбиқи васеъ ёфтаанд ва онҳо воситаи асосии таҳлили зуҳурот ва равандҳои иқтисодӣ, сохтани моделҳои назариявӣ, пешгӯӣ намудани рафтори субъектҳои иқтисодӣ ва динамикаи он мебошад. Вобаста ба ин, санаи 14-уми марти соли равон бо ташаббуси кафедраи математикаи олӣ семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи моделҳои математикӣ дар иқтисодиёти кишвар» баргузор гардид. Дар семинар профессор Рашид Раҳимов дар мавзӯи «Татбиқи ҳосила дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» ва дотсент Бобоалӣ Шарипов дар мавзӯи «Татбиқи муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли як масъалаи иқтисодӣ» баромад намуданд. 
Зимни маърӯзаҳо гуфта шуд, ки метод ва моделҳои математикӣ имрӯз дар тамоми ҷабҳаҳои иқтисодиёт самаранок истифода бурда мешаванд. Ҳоло методҳои математикӣ воситаи асосии таҳлили зуҳурот ва равандҳои иқтисодӣ ба шумор мераванд. 
Инчунин, ишора шуд, ки дар натиҷаи татбиқи ҳосила ва муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва омӯзиши пурраи таъсири омилҳои алоҳида ба нишондиҳандаҳои умумии иқтисодӣ имконпазир мегардад. 
Дар идома вобаста ба татбиқи моделҳои математикӣ дар иқтисодиёти кишвар, ки дар ҳаллу баррасии мушкилоти иқтисодии ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад, музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.