Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ба донишҷӯён фаҳмонида шуд

Роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ба донишҷӯён фаҳмонида шуд

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хуруҷи коронавируси нав COVID-19-ро пандемия эълон намуд. Пандемия ин паҳншавии бемории нав дар миқёси ҷаҳон аст ва маризиеро дар назар доранд, ки он хусусияти оммавӣ дошта, қисми зиёди аҳолиро гирифтор месозад. Айни ҳол коронавирус дар 160 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон низ ошкор шудааст. 
Вобаста ба пешгирӣ ва фаҳмонидани роҳҳои ҳифз аз сироятёбии вирус чанде пеш бо ташаббуси факултети молия ва қарз дар ДДМИТ чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ мутахассисони соҳаи тиб аз Маркази саломатии шаҳрии №1 ва теъдоди зиёди устодону донишҷӯён иштирок доштанд. 
Зимни баромадҳо гуфта шуд, ки имрӯз паҳншавии коронавирус ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, бинобар ин барои ҳифз ва сироят наёфтани атрофиён бояд қоидаҳои муҳофизатро истифода бурд. Ба донишҷӯён гуфта шуд, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ иттилоъ медиҳад, ки танҳо 3,4%-и сироятшудагони бемории СOVID-19 мефавтанд. Ин ҳам ба иммунитети шахс ва иродаи ӯ вобастагӣ дорад. Охирин тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои пешгирӣ аз вируси короно инҳоянд: 


krnv4001.jpg1. Вируси короно аз пӯсти солим намегузарад ва то 10 дақиқа рӯи пӯст зинда боқӣ мемонад. Пас, агар дастпӯш надоред, нигарон набошед. Фақат набояд дастҳои худро ба бинӣ ва даҳонатон бизанед ва лутфан пайваста дастҳоятонро бо собун ва оби гарм бишӯед. Барои пешгирӣ аз хушкшавии пӯсти дастон метавонед аз крем ва вазелин истифода кунед. 
2. Вируси короно дар рӯи матоъ аз 6 то 12 соат, дар рӯи ашёи филизӣ аз 12 то 20 cоат ва дар рӯи пӯлод то 20 соат зинда мемонад. 
3. Ин вирус то 60 дараҷаи сонтигрод дар бадан зинда аст, вале дар ҳавои кушод дар дамои болои 30 дараҷа мемирад. Пас беҳтар аст шустушӯ ва назофатҳоро бо оби гарм анҷом диҳед. 
4. Короновирус бо оби гарм ва маводи шӯяндаи хонагӣ аз байн меравад. 
5. Либосҳоро зери нури офтоб ё рӯи гармкунакҳо хушк кунед. 6. Бо оби гарм ҳаммом кунед. 
7. Ба ҳеҷ ваҷҳ оби сард ва ғизои сард нахӯред. Оби гарм, чойи гарм, қаҳваи гарм ва нӯшокиҳои гарм бинӯшед. 
8. Ҷойи ҷамъшавии аслии ин вирус дар бинӣ аст, пас мураттаб биниатонро бо оби гарм шустушӯ кунед. 
9. Агар ба нӯшидании гарм дастрасӣ надоред, сақич бихоед, то гулӯятон мураттаб бо оби даҳонатон тар ва шустушӯ шавад. 
10. Кӯшиш кунед ҳавои маҳалли зиндагӣ ва коратон тоза бошад. 
11. Дар тӯли рӯз чандин маротиба ба муддати 10-15 сония нафасатонро нигаҳ доред ва сипас хориҷ кунед. Агар сулфа ё тангии нафас пайдо кардед, ҳатман ба маркази дармонӣ муроҷиат кунед. Қабл аз пайдоиши мушкили танаффусӣ ба табиб муроҷиат кунед, то дер нашуда бошад. 
12. Агар берун аз хона ба кор, мағоза, бозор ва ғайра меравед: - аввалан, фосилаи 1,5 метрӣ аз дигаронро риоя кунед; - дувум, ба сабаби ин ки ин вирус сангин аст (ҳудуди 400 то 500 нонометр) ва ба замин меафтад, кафшҳоятон манбаи муҳими олудагӣ ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ онҳоро дохили хона наоред, доим онҳоро тоза кунед. 
13. Вақти атса задан то ҷое, ки имкон дорад, аз дигарон фосила гиред ва бо дастмол пеши даҳон ва бинии худро пӯшед ва барои чанд сония онро раҳо накунед, то тамоми моеъот ба он ҷазб шавад ва пароканда нагардад. 
14. Агар шуғли шумо дар фазои серодам аст, лутфан, аз ниқоб истифода кунед, зеро ба иллати дурушт будани ин вирус он аз ниқоб намегузарад. Вале доим ниқобро бояд хушк нигоҳ дошт. Яъне, онро зуд-зуд бояд иваз кард. 
Хушбахтона, ҳоло дар Тоҷикистон ҳолати сироятёбӣ ба коронавирус ошкор нашудааст.