Хабарҳо
Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар ДДМИТ
Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санаи 20-уми март бо иштироки роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз ҳайати раёсати донишгоҳ аз дастовардҳо ва дастархони наврӯзӣ дидан карданд, ки аз ороиши дастархони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» ва арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва намоиши арӯсу домодҳои минтақаҳои кишвар иборат буд. Ҳамзамон аз тарафи донишҷӯён ташкили мусобиқаи бандкашӣ, гӯштини миллӣ, дастгардонӣ, гурзбардорӣ, бадеҳахонӣ, сурудхониву рақсу бозӣ сурат гирифт.
Қисмати дуюми ҷашвораи наврӯзӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ идома ёфт. Дар оғоз ректор Шукрулло Хайрзода ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи аҷдодӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони Истиқлол мақому мартабаи воло пайдо карда, бо кӯшишҳои фарҳангпарастонаи Сарвари давлат дар арсаи сиёсати байналмилалӣ Наврӯзи тоҷикон аз соли 2010 мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Ш.Хайрзода оид ба таърихи пайдоиши ин ҷашн ёдовар шуда, зикр намуд, ки Наврӯз дар арсаи таърих монеаҳову ихтилофоти бешумореро паси сар карда, имрӯз ҳамчун мероси беназиру устувори фарҳангии ниёгонамон боқӣ мондааст.
Дар идома аз ҷониби ректор ба рӯзномаи «Молия ва иқтисод» Сипосномаи вазири маориф ва илм, ба Акрам Мирзоев нишони аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Фирӯза Абдулвоҳидова барои қадршиносӣ ифтихорнома тақдим карда шуд.
Баъдан аз ҷониби гурӯҳи фарҳангии донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид. Дар қисми фарҳангии ҷамъомад аъзоёни дастаи “Ҷавонӣ” табъи иштирокчиёнро бо суруду таронаҳо, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва рақсҳои дилчасп шод гардониданд.
Н.Раҳимзода