Хабарҳо
Истеъдоди менеҷмент дар шароити муосир
Модели созанда ва таълимоти менеҷмент дар шароити муосир самти афзалиятноки бозсозии иқтисодиро дар таҳияи мавқеи асосии назариявӣ ва методологӣ оид ба татбиқи асосҳои менеҷмент дар таҷрибаи миллӣ, хусусан дар сатҳи корхонаву идораҳо тасдиқ месозад. Проблемаи такмилдиҳии самаранокии рушди корхонаро, пеш аз ҳама, ташкили низоми идоракунии он муқаррар месозад. Вобаста ба ин санаи 28-уми марти соли равон бо ташаббуси кафедраи менеҷмент ва раёсати илм ва инноватсия семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Истеъдоди менеҷмент дар шароити муосир» баргузор гардид.
Дар оғоз Ё.Тилабов, муовини сардори раёсати илм ва инноватсия суханронӣ намуда, омодакунии мутахассисони соҳаро барои ширкату корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, шӯъбаҳои тараққиёт ва маркетинги корхона, фирмаҳои хусусӣ ва ассотсиатсияҳо, бонкҳо ва ширкатҳои суғуртавӣ, фондҳои инвеститсионӣ, нафақавӣ ва дигар ташкилотҳои тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ кард.
Дар идома профессор Табаралӣ Ғаниев, мудири кафедраи идоракунии рушди захираҳои инсонии ДМТ дар мавзӯи «Менеҷменти созанда ҳамчун система ва модели идоракунии стратегии муосир» баромад намуд.
Номбурда зимни маърӯза иброз дошт, ки гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ва стандартҳои байналмилалии низоми идоракунӣ талаботро ба мутахассисони баландихтисоси соҳаи идоракунӣ дар ҳамаи сохторҳои иқтисодиёти кишвар дучанд баланд намуд. Ҳамзамон оид ба истифодаи самаранокии захираҳои инсонӣ дар иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуд. Гуфта шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 имрӯз бояд ҳарчи бештар мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат омода карда шаванд ва дар татбиқи аҳдофи миллӣ саҳми худро гузоранд.
Дар охир музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.