Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амният ва рушди иқтисодӣ

Нақши мақомоти гумрук дар таъмини амният ва рушди иқтисодӣ

Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ваколатҳои таъмини истиқлолият, амнияти миллӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ, андешидани тадбирҳо доир ба ҳимояи ҳаёт, саломатии инсон ва ҳифзи муҳити зист, таъмини риояи қонунгузории гумрукӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом медиҳад. 
Доир ба ин мавзӯъ санаи 31-уми марти соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрук конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва рушди иқтисодӣ» баргузор гардид. 
Дар он Зафари Саидқул, нозири калони раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумрук оид ба таърихи ташаккул ва нақши мақомоти гумрук дар ғанигардонии буҷет ва пешрафти иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуд. Номбурда гуфт, 22 январи соли 1992 бо таъсисёбии Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси хадамоти гумруки имрӯза гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб аъзои Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокчии як қатор Конвенсияҳои байналмилалӣ дар соҳаи гумрук мебошад. Ҳоло мақомоти гумрук ҳудуди 22-25%-и буҷаи кишварро таъмин мекунад, ки ин нишондиҳанда аз калидӣ будани ниҳод дарак медиҳад. 
Ҳамчунин, дар конфронс Фирӯз Насриддинов, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ дар мавзӯи «Обеспечение экономической безопасности таможенными органами», Игор Кузминич, муовини якуми директори Коллеҷи сарҳадоти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар мавзӯи «Основные результаты образовательной деятельности Пограничного колледжа ОБСЕ для руководящего состава 2009-2020» ва Аброр Мирсаидов, муовини директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Самтҳои такмили сиёсати гумрукӣ дар рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда» маърӯзаҳо намуданд. 
Зимни ироаи баромадҳо гуфта шуд, ки барои боз ҳам ҷоннок кардани тафтишоти воридоти молу маҳсулот аз сарҳади ҷумҳурӣ мақомоти гумрук бояд тадбирҳои дигари пурмаҳсулро ба роҳ монанд. 
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавоб сурат гирифт.