Хабарҳо
Сайри гули лола дар ДДМИТ
Тайи солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати хос доир намудани Фестивали «Сайри гули лола» дар сатҳи маҳалла, деҳот, шаҳр, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик буда, ташаббускори ин иқдоми басо нек ва дилписанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб мераванд, ки пайваста мардумро ба ободонию сабзкорӣ ҳидоят намуда, фарҳанги зебоипарастиро ташвиқу тарғиб мекунанд.
Санаи 3 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Фестивал-озмуни донишгоҳии "Сайри гули лола" доир гардид. Дар Фестивал доираи васеи устодону донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ширкат намуданд, маҳорату ҳунарҳои зебоипарастонаи худро дар олами гулҳо мавриди намоиш қарор доданд. Барои муайян намудани ғолибони озмун комиссия ташкил карда шуд. Зимни баргузории Фестивал-озмун комиссия ба иштирокчиён баҳои баланд дода, ғолибонро муайян намуданд. Тавре хабар доданд, ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми Фестивал-озмун бо Диплом ва мукофот қадрдонӣ мегарданд. Зимни баҳогузорӣ факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ сазовори ҷойи якум, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт сазовори ҷойи дуюм ва факултети молия ва қарз ва иқтисод ва бизнес сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Озмун аз номинатсияҳои гуногун иборат буд.
Таъкид карда шуд, ки «Сайри гули лола» як рукни таърихии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад. Хотиррасон мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад Ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмун, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як иштирокчии озмун, ободу зебо намудани саҳни донишгоҳ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Бибиноз Муродалиева