Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рушди туризм дар Тоҷикистон ва дурнамои он

Рушди туризм дар Тоҷикистон ва дурнамои он

Санаи 3 апрели соли равон бо ибтикори кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Рушди туризм дар Тоҷикистон ва дурнамои он» бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо куратори гурӯҳ Тӯйчизода Насрулло баргузор гардид. 
Семинарро Абдулло Давлатзода ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки туризм яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушди худ феномени иқтисодии садсола эътироф гаштааст. Дар бисёри мамлакатҳо туризм дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт, ба мисли нақлиёт ва коммуникатсия, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, фарҳанг, санъат, истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум ва дигарҳо таъсири мусбӣ мерасонад. 
Сипас донишҷӯ Комрон Аъзамзода дар мавзӯи «Рушди сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карда, қайд кард, ки сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ равона шудаанд, дар маҷмӯъ ба тамоми намудҳои нишондиҳандаҳои туризм таъсири мусбӣ мерасонанд. 
Ситора Ойматова дар мавзӯи «Ҳунарҳои мардумӣ-бахше аз фарҳанги маънавӣ ва омили рушддиҳандаи туризм» маърӯза намуда, ёдовар шуд, ки аслан таҷассуми ҳунарҳои миллӣ дар ороиши сару либос, ҷиҳози хона ва муҳити зист мушоҳида мешавад. Масалан, барои омӯзиши таърихи либос асарҳои санъати тасвирӣ, меъморӣ, адабиёт, ҳуҷҷатҳои таърихие, ки зиндагии маишии мардум ва фарҳанги давраҳои гузаштаро инъикос месозанд, сарчашмаҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили кулолгарӣ, табақтарошӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, наққошӣ, кашидадӯзӣ, кундалрезӣ, армуғонсозӣ мебошанд ва бояд инҳоро ривоҷу равнақ диҳем. Донишҷӯ Бобоҷон Маматқулов дар мавзӯи «10 – ҷойҳои диққатҷалбкунандаи Тоҷикистон: тавсия ба сайёҳон» маърӯза намуд. Ҷойҳои воқеан ҳам тамошобоби Тоҷикистон Қалъаи Ҳисор, Панҷакент (Саразм), Искандаркӯл, Панҷшанбе бозори шаҳри Хуҷанд, Қуллаи Исмоили Сомонӣ ва боз якчанд ҷойи дигар мебошад. 
Баъд аз маърӯзаҳо қироати шеърҳо бо забонҳо хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯён иҷро гардид. Ёдовар бояд шуд, ки семинар бо забони англисӣ сурат гирифт. Дар охир савобу ҷавоб оид ба мавзӯъҳои баррасишуда доир гардид. 


Бибиноз Муродалиева