Хабарҳо
Ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ
Дар асоси нақша-чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ санаи 4-уми апрели соли равон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» баргузор гардид.
Нахуст сардори раёсати илм ва инноватсия Д.Хоҷаев қайд намуд, ки масъалаи рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ заминаест барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030. Дар идома П.Бобомуродов дар мавзӯи «Ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” маърӯза намуда, муаммоҳои асосии рушди баҳисобгирии муҳосибӣ ва роҳҳои тартибдиҳии шаклҳои нави ҳисоботи муҳосибӣ-молиявиро дар хоҷагиҳои деқконӣ баррасӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки баҳисобгирӣ ба деҳқон имконият медиҳад, ки вазъи корхонаро таҳлил кунад, хароҷоти истеҳсолӣ, даромади маҷмӯӣ, даромаднокиро ҳам дар хоҷагӣ дар маҷмӯъ ва ҳам дар бахшҳои алоҳидаи он муайян созад.
Дар музокира дотсент С.Маъдиев баромад намуда, иброз дошт, ки ташкил ва баҳисобгирии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар самти стратегияи миллии саноатикунонӣ заминаи мусоид барои баланд бардоштани механизми ҳисобдорӣ ва соҳаи аграрӣ мебошад.
Дар анҷом саволу ҷавоб ва фикру дархостҳо барои минбаъд самаранок ба роҳ мондани ҷараёни баҳисобгирӣ ба ташкилотҳои дахлдор сурат гирифт.