Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19

Баррасии ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19

Мавзӯи «Ҳолати рушди соҳибкории сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони буҳрони COVID-19» санаи 4-уми апрели соли равон дар ДДМИТ бо иштироки мутахассисон ва коршиносони соҳа баррасӣ гардид. Ҳамоиши мазкур бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. 
Муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода дар оғози ҳамоиш иброз дошт, ки хусусиятҳои сайёҳӣ ин соҳаро ба яке аз соҳаҳои беҳтарин барои оғози фаъолияти нави соҳибкорӣ табдил дода, ҳар нафари ташаббускор метавонад фаъолияти соҳибкории худро дар соҳаи сайёҳӣ оғоз намуда, дар маҳалҳо ҷойҳои корӣ таъсис диҳад, ки аксаран воситаи ягонаи бартараф намудани тарки ҷои муқимии зист аз тарафи ҷавонон бо мақсади ҷустуҷӯи кор дар хориҷи мамлакат ба ҳисоб меравад. 
«Дар аксарияти мамлакатҳо шумораи сайёҳони дохилӣ аз сайёҳони хориҷӣ зиёд аст. Ин барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳамчун воситаи баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба мамлакати худ, эътирофи он ва баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ мегардад», — илова намуд ӯ. 
Тибқи барномаи ҳамоиш намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назир Зоиров дар мавзӯи “Вазъи имрӯза: таъсир ва роҳҳои пешгирӣ тавассути имтиёзҳои андозӣ”, директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии молияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Хуршед Ҷумабоев дар мавзӯи “Нақши имтиёзҳои андозӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ” маърӯза намуданд. 
Тазаккур дода шуд, ки хуруҷи вируси сироятии COVID-19 дар айни замон соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир гардонидааст. Ниҳоди байналмилалии соҳавӣ — Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дурнамои рушди соҳаро дар робита ба воридоти туризми байналмилалӣ дар соли 2020 таҷдиди назар карда, аз мо масъулияти баланди пешгирии роҳҳои паҳншавии он тавассути ҳамкории дастаҷамъонаро дар ин самт тақозо менамояд. 
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози паҳншавии ин вирус бо мақсади ҳифзи сиҳатии ҷомеа ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат муроҷиат намуд, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи давлат ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ кунанд.