Хабарҳо
«Беҳтарин донишҷӯи сол»-и ДДМИТ муайян гардид
Бо мақсади иҷроиши мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2019 №05/2-1411 ҷиҳати ҷалби васеи донишҷӯён ва ҳавасмандгардонии онҳо ба рушди қобилияти илмӣ, эҷодӣ, баданд бардоштани завқи китобхонӣ, истифодаи техника ва технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди ҷавон санаи 8-уми апрели соли равон дар ДДМИТ озмуни «Беҳтарин донишҷӯи сол» баргузор гардид.
Озмун аз рӯи шартҳои зерин сурат гирифт:
1) Муаррифии довталаб бо истифодаи усулҳои нави техника ва технологияҳои муосир (презентатсия, пешниҳоди албом, реферат дар мавзӯъҳои ҷашнҳои миллӣ), инчунин истифодаи тахтаҳои электронӣ, интерактивӣ ва барномаҳои гуногуни компютерӣ;
2) Суҳбат бо довталаб вобаста ба мавзӯъҳои тахассусӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, забондонӣ, суханварӣ, таърих, адабиёт, фарҳанг ва расму оини миллӣ;
3) Мутолиаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар озмун Шукрона Раҳимова, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз ихтисоси кори бонкӣ, Дилноза Солихова, донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳисобдорӣ ва омор ихтисоси баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ, Сафия Камбарова, донишҷӯи курси 2-юми факултети иқтисод ва бизнес ихтисоси андоз ва андозбандӣ, Бахтовар Шарипов, донишҷӯи курси 3-юми факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт ихтисоси технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, Орзумурод Раҳимбердиев, донишҷӯи курси 3-юми факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ихтисоси иқтисоди ҷаҳон ва Муҳаммадиқбол Обидов, донишҷӯи курси 2-юми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, ихтисоси ҳуқуқи иқтисодӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Дар охир комиссия дар мувофиқа бо кумитаи тадорукот бо назардошти холҳои бадастовардаи донишҷӯён озмуни «Беҳтарин донишҷӯи сол»-ро ҷамъбаст намуд ва ҷои 1-ум ба Шукрона Раҳимова, ҷойи 2-юм ба Дилноза Солихова, ҷойи 3-юм ба Сафия Камбарова ва Бахтовар Шарипов дода шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки донишҷӯёне, ки дар давраи дуюми озмуни «Беҳтарин донишҷӯи сол» фаъолона ширкат варзиданд, барои ҳавасмандгардонӣ аз тарафи раёсати донишгоҳ бо Дипломи дараҷаи I, II ва III қадрдонӣ карда мешаванд.