Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфилҳои илмӣ-адабӣ дар хобгоҳҳои ДДМИТ тақвият меёбанд

Маҳфилҳои илмӣ-адабӣ дар хобгоҳҳои ДДМИТ тақвият меёбанд

Дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати илм ва инноватсия ва бахши хобгоҳҳои раёсати корҳои тарбиявӣ санаи 8-уми апрели соли равон дар хобгоҳи №2-и донишгоҳ маҳфили илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Ҳамбастагии асарҳои олимони рус бо осори олимони тоҷику форс» баргузор гардид. 
Маҳфилро сардори раёсати илм ва инноватсия Д.Хоҷаев оғоз бахшида, зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҳадаф аз роҳандозии маҳфилҳо дар хобгоҳҳои таълимгоҳ, ин дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 05.02.2020, №АП-1339 дар бораи эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мебошад. Бад-ин васила баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва иштироки онҳо дар озмунҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии донишҷӯёни дар хобгоҳҳои донишгоҳ истиқоматкунанда мебошад. 
Баъдан устодони кафедраи забони русӣ Ҷумъа Махшул ва Шарофат Қайсова дар доираи мавзӯи зикршуда баромад намуда, қайд карданд, ки аз қадим олимони рус ва тоҷику форс дар эҷоди асарҳо, навишти китобҳо ва ҳикояву повестҳо ҳамбастагӣ доштанд ва то ҳол ин робитаҳои густурда идома доранд. 
Инчунин дар маҳфил оид ба паҳлуҳои гуногуни санъати суханварӣ, забономӯзӣ, хониши китобҳои бадеӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки дар оянда низ баргузории чунин маҳфилҳо дар хобгоҳҳои ДДМИТ дар назар аст.