Хабарҳо
Пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия
Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, пешгирӣ ва рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда санаи 10-уми апрели соли равон дар ДДМИТ бо иштироки Шодком Турсунзода, муовини сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ сурат гирифт.
Дар раванди вохӯрӣ вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои "Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020", инчунин сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.
Ҳамзамон қайд гардид, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо якдигар, алалхусус аҳли зиё метавонанд садди роҳи содиршавии ҷинояткорӣ дар самти коррупсия гарданд.