Хабарҳо
Баргузории дарси китобхонӣ
Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхонӣ дар кафедраи менеҷменти молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ дарси кушод дар таҳти унвони «Фурӯғми субҳи доноӣ» баргузор гардид.
Дар дарс масъалаи ҷалби донишҷӯён барои китобхонӣ, ташкили маҳфилҳои илмӣ-адабӣ ва посдории фарҳанги адабии ниёгон баррасӣ гардид. Баъдан донишҷӯён Сабрина Салимова дар мавзӯи «Ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ», Мошариф Саидзода дар мавзӯи «Қобусномаи Унсурмаолии Кайковус», Шаодат Ишанова дар мавзӯи «Ашъори мунтахаби Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ» ва Шодмон Холов дар мавзӯи «Достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» маърӯза ва ғазалхонӣ намуданд.
Донишҷӯён зимни маърӯзаҳояшон оид ба асарҳои безаволи бузургони адабиёти тоҷик суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки аҳамияти илмӣ-адабӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва тарбиявӣ-ахлоқии онҳо беназир аст.
Таъкид гардид, ки ҳадаф аз он ҷалби донишҷӯёну магистрантон ба китобу китобхонӣ буда, баргузории чунин чорабиниҳо хеле муҳим ва саривақтист, зеро ба роҳ мондани онҳо ҷавононро дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои фарҳангиву миллӣ тарбия менамояд.