Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни ДДМИТ

Вохӯрии судманд бо донишҷӯёни ДДМИТ

Санаи 11-уми апрели соли равон бо ибтикори Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вохӯрии судманд бо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини раиси суди ноҳияи Сино Хуршед Маҳмадзода Бобохон, судяҳо Амриддин Сафозода, Абдулҳамид Искандарзода, Суҳроб Баротзода ва мушовири суд Обидҷон Қосимзода иштирок доштанд. Чорабиниро муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Ҳакимбек Сандалов ифтитоҳ бахшида, оид ба тарзи маърифати истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дурӣ ҷустан аз сомонаҳои ғайрирасмӣ ва сари вақт риоя намудани гигиенаи шахсӣ барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ бо ҳозирин суҳбат намуд. Сипас А.Сафозода суханронӣ намуда, номбурда вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, «Дар бораи самтҳои асосиии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба ҳозирин маълумот дод. 
Пас аз он И.Абдулҳамид атрофи қонунҳои амалкунанда, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмонҳои худсарона, Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, нақши ҳокимияти суди дар ҷомеа, иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо судяҳои ҷумҳурӣ аз санаи 21 ноябри соли 2019, савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва зӯроварӣ дар оила баромад намуд. 
Дар охир аз тарафи донишҷӯён атрофи қонунҳои болозикр саволҳо пешниҳод гардид, ки аз ҷониби мутахассисони соҳа ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. 


Ф.Саидов, сардори шуъбаи кор бо ҷавонон