Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳафтаи илми тоҷик

Ҳафтаи илми тоҷик

Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрелро ҳамчун ҳафтаи илми тоҷик қайд мекунанд. Имсол низ дар ДДМИТ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) аз санаи 13-ум то 18-уми апрел баргузор мегардад.
Санаи 13-уми апрели соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯён қисми кушодашавии конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конфронсро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории конфронси имрӯза, ки натиҷаи пажӯҳишҳои илмии ҳайати профессорону омӯзгорони таълимгоҳ мебошад, масъалаҳои тараққиёти низоми молиявӣ, самтҳои алоҳидаи он, аз қабили омору ҳисобдорӣ, фаъолияти муносибатҳои хориҷӣ, андозу андозбандӣ, таҳлил ва назорати аудиторӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мавриди баҳсу таҳлил қарор мегиранд. Бояд гуфт, ки конфронси илмӣ-назариявӣ аз 10 бахш иборат буда, дар он 450 маърӯзаи устодону донишҷӯён баррасӣ мегарданд, аксарияти маърӯзаҳо ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, боварӣ дорем, ки аз натиҷаи ин тадқиқотҳо пешниҳодҳои асосноки илмӣ карда мешаванд.

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Нахуст профессори кафедраи фаъолияти бонкӣ Шариф Раҳимзода дар мавзӯи «Саноатикунонӣ ва модели индустриалӣ-аграрии рушди иқтисодиёт» маърӯзаи худро пешкаши ҳозирин гардонид. Ш.Раҳимзода қайд намуд, ки рушди саноати миллӣ тадриҷан ба тағйирёбии мунтазами самти ашёии иқтисодии Тоҷикистон хоҳад овард. Дар ин ҷода ҳаҷми содироти ашёи хом коҳиш ёфта, ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёр бо арзиши иловашуда меафзояд, ки он ба ғанӣ гардонидани буҷет ва баландбардории сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Татбиқи вазифаҳои вогузоршуда дар самти саноатикунонии кишвар, на танҳо таъсиси ширкатҳои нави саноатиро дар назар дорад, балки баландбардории самаранокии истеҳсолотро низ тақозо менамояд. Дар баробари ҳалли масъалаҳои инноватсионӣ, андешидани чораҳо доир ба коҳишдиҳии арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолнамуда ва хизматҳои расонидашаванда, баландбардории сифати онҳо, афзоиши даромаднокӣ ва фоида ба мақсад мувофиқ мебошанд. Мавсуф илова намуд, ки баландбардории маҳсулнокии меҳнат масъалаи дигари рушди ин соҳа дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои дохилӣ ва беруна маҳсуб меёбад.
ddmit_konf4007.jpgБаромадкунанда бархе аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаро номбар кард, ки барои амалишавии вазифаҳо монеа мешаванд, аз ҷумла ночиз будани нақши сармоягузориҳои хусусии дохил дар рушди иқтисодии кишвар; пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои навтаъсис, дар шароити назаррас будани хароҷоти иҷтимоии буҷет боз ҳам ба гаронии андоз хоҳад овард. Аз ҷумла, мумкин аст ин яке аз далоили поён будани сатҳи сармоягузориҳо тавассути корхонаҳои дохилӣ бошад.
Дар идома директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и ДДМИТ Хуршед Ҷумабоев дар мавзӯи «Таҳияи Кодекси андоз бо таҳрири нав ва аҳамияти он дар иқтисодиёти миллӣ» баромад намуда, зикр кард, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз ба рушди соҳибкории хурд ва миёна, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат мекунад, ин низоми андозбандӣ ба ҳисоб меравад. Бисёр олимону мухатассисон доир ба гаронӣ ва механизми истифодабарии андоз фикру ақидаҳо пешниҳод намуданд. Агар шумораи андозро бо дигар давлатҳо муқоиса кунем, мебинем, ки дар шумораи андозҳо мо ба давлатҳои Қирғизистону Ӯзбекистон наздик мебошем. Яке аз камбудиҳои кодекси амалкунандаи андоз дар он аст, ки ба ғайр аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 50 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30 дастурамал ва зиёда аз 45 зерсанади қонунӣ муносибатҳои андозиро ба танзим медароранд, ки ин чиз барои андозсупоранда ва соҳибкор душворӣ эҷод мекунад, гуфт мавсуф.
Мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, дотсент Одилҷон Улуғов дар мавзӯи «Рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ: омили ташаккулёбии иқтисодиёт» баромад намуд. Номбурда қайд кард, ки вобаста ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас роҳандозӣ гардидааст. Рушди иқтисодиёти мамлакат аз омилҳои табиӣ вобастагии калон дорад. Инчунин, ҳалли бисёр масъалаҳои муҳими муосир, ба монанди истеҳсоли маводи ғизоӣ, доруворӣ ва дигар маводҳо бо ҷорӣ намудани биотехнология алоқаманд аст. Аз ин рӯ, баромадкунанда барои тақвияти омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ пешниҳодҳо кард, ба монанди андешидани чораҳо бобати ҷалби бештари мутахассисони ҷавону болаёқат ба магистратура ва докторантура дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ; ҷорӣ намудани таълими фанни иқтисодиёт ва истифодабарии сарватҳои табиӣ дар донишгоҳ; омӯзгорони соҳаҳои табиатшиносӣ ва риёзиро зарур аст, ки дар ҷустуҷӯ, омӯзиш ва таҳлили сарватҳои табиии кишвар бо олимон ва сохторҳои марбута ҳамкорӣ кунанд.
Дар охир, бахши аввали конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳо доир ба мавзӯъҳои баррасишуда ҷамъбаст гардид.


Бибиноз Муродалиева