Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Маҳфили адабӣ-фарҳангии «Китобхонӣ»

Маҳфили адабӣ-фарҳангии «Китобхонӣ»

Санаи 15-уми апрели соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо мақсади дар амал тадбиқ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхонӣ маҳфили адабӣ-фарҳангии «Китобхонӣ» баргузор гардид. Нахуст декани факултет Қ.Муқимов оид ба ташкил ва баргузории озмунҳои китобхонӣ ва ҷорӣ кардани дарси махсуси китобхонӣ дар ҳар ҳафта суханронӣ намуд. Номбурда инчунин барои ҷалби ҳарчи бештари донишҷӯёни курси аввал ва омода намудани онҳо барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ишора намуд. 
Ҳамчунин, А.Давлатзода, Ҷ.Махшул ва Ё.Тилабов оид ба мақсади ба роҳ мондани чунин маҳфилҳои адабӣ-фарҳангӣ сухан гуфта, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва дастраси донишҷӯён гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷикро тавассути ташкили чунин маҳфилҳо муҳим арзёбӣ карданд. 
Дар идома донишҷӯёни факултет бо қироати ғазалу рубоӣ, нақли лаҳзаҳои ҷолиби асари мутолианамуда, маълумот оид ба адабиёти тоҷику ҷаҳон ва тавсияҳо оид ба китобхонӣ маҳфилро рангин намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки баргузории маҳфилҳои китобхонӣ дар ДДМИТ минбаъд ҳар ҳафта баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин китобхонҳо ширкат хоҳанд варзид.