Хабарҳо
Аз ҷараёни ҳафтаи илм дар ДДМИТ
Чунончи иттилоъ дода будем, дар ДДМИТ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорон, устодон ва донишҷӯён бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) шурӯъ аз санаи 13-ум то 18-уми апрел идома меёбад.
Бояд гуфт, ки конфронси илмӣ-назариявӣ аз 10 бахш: иқтисод, молия ва андоз, фаъолияти бонкӣ, бозори фондӣ ва суғурта, менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодию молиявӣ, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва фаъолияти гумрук, моделсозии математекӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт, баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ, фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, фанҳои гуманитарӣ, забонҳо ва варзиш ва мудофиаи гражданӣ, иборат буда, дар он 450 маърӯзаи устодону донишҷӯён ва мутахассисони таълимгоҳ баррасӣ гардида истодааст.
То ба имрӯз конфронс мувофиқи барнома ҷараён дошта, маърӯзаҳо ба масъалаҳои самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани саводнокӣ дар самти таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва омӯзиши бештари забонҳои хориҷӣ нигаронида шудааст.