Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Солимии худро ҳифз менамоем!

Солимии худро ҳифз менамоем!

Имрӯз бо мақсади расонидани роҳҳои пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус – COVID-19 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон семинари омӯзишӣ таҳти унвони “Солимии худро ҳифз менамоем!” баргузор гардид. 
Дар семинари омӯзишӣ Ш.Фозилзода, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ш.Раҳматзода, мудири шуъбаи санитарию эпидемиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, А.Ёров, духтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва А.Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Масъулин оид ба риояи талаботҳои асосии гигиении беҳдошти саломатӣ ва пешгирии гирифтор нашудан ба коронавирусро шарҳ доданд. Дар баробари ин, мутахассисон доир ба пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, бегонапарастӣ, ҷинояткорӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, муноқишаҳои гурӯҳӣ, худкушӣ, омилҳои наъшаҷаллобӣ, самҳмгузорӣ дар ободиву созандагӣ, хизмат ба Ватан ва пешгирии сирояти коронавирус суханронӣ намуданд.