Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷамъбасти кори бахш

Ҷамъбасти кори бахш

Тавре иттилоъ додем, дар донишгоҳ «Ҳафтаи илм» идома дорад ва дар бахшҳо кор рафта истодааст. Ҳайати профессорону омӯзгорон натиҷаи тадқиқотҳои илмии хешро дар ин бахшҳо баррасӣ менамоянд. 
Кори конференсия дар бахши «Баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ»-и факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ санаҳои 16-17 гузаронида шуд. Дар ин бахш сараввал декани факултет н.и.и., дотсент Ҷурахонзода Б.Ҷ. ба сухан баромада, иштирокчиёнро ба ҳафтаи илми тоҷик муборакбод намуда, таъкид дошт, ки мо мутахассисони соҳаи ҳисобдорӣ, таҳлил ва аудитро мебояд дар рушди илми тоҷик саҳм дошта бошем. 
Баъдан раиси бахш н.и.и., дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Маъдиев С. кори бахшро пеш бурд. Кори конференсия дар бахши мазкур хуб ба роҳ монда шуда, муаммоҳои соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ мавриди таҳлил ва баррасии мутахассисони соҳа аз ҳисоби ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну магистрони тахассусҳои факултет қарор гирифтанд. 
Аз рӯи барномаи конференсия дар бахши «Баҳисобгирии муҳосибӣ, омор, аудит ва таҳлили иқтисодӣ» 30 маърӯза пешбинӣ шуда буд, ки аз онҳо 28 маърӯза аз ҷониби иштирокчиён шунида шуд. Инчунин берун аз барномаи конференсия 4 маърӯзаи дигар низ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт. Қисми бештари маърӯзаҳо ба асосҳои институтсионалии баҳисобгирии муҳосибӣ, муаммоҳои баҳисобгирӣ, таҳлил ва назорат, хусусиятҳои баҳисобгирии дороиҳои субъектҳои иқтисодӣ, баҳисобгирии идоракунӣ, аудити бахши давлатӣ ва назорати давлатии молиявӣ, стандартҳои байналмилалии аудит, таҳлили захираҳои иқтисодӣ, таҳлили комплекси агросаноатӣ, таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ, таҳқиқоти иқтисодию омории танзими давлатии буҷетҳои минтақавӣ бахшида шуда буданд. 
Аз муҳокима ва таҳлилу баррасии масъалаҳои таҳқиқшуда хулосаю пешниҳодҳои асоснок бароварда шуд. 


Саидов Р.