Хабарҳо
Омилҳо ва дурнамои рушди туризми байналхалқӣ дар Тоҷикистон
Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои асосии пешбурди иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди соҳаи туризм тадбирҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Ин аст, ки бо дарназардошти инкишофи инфрасохтори деҳот, рушди сайёҳӣ ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Тоҷикистон дар самти туризми байналмилалӣ низ мавқеи хосаро дар байни кишварҳои ҷаҳон ишғол мекунад.
Вобаста ба баррасии ин мавзӯъ санаи 17-уми апрели соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ зермаҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил Манучеҳр Зарипов, директори ширкати туристии «Панҷакент тур» вобаста ба масъалаи рушди туризми байналхалқӣ баромад намуд.
Номбурда зимни маърӯза қайд кард, ки барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ташкили манбаъҳои гуногуни ба рушди имкониятҳои иқтисодӣ мусоидаткунанда хеле муҳим аст. Яке аз чунин манбаъҳои муътамад ва устувор дар шароити ҷомеаи муосир туризм ба ҳисоб меравад. Дар ин роҳ ба рушди туризм бояд шароитҳои мусоид фароҳам оварда шаванд. Аз ҷумла, ташаккули инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвар, баланд бардоштани маданият ва маърифати сайёҳии шаҳрвандон ва рушди имкониятҳои озодӣ ва ҳавасмандсозандаи ҳуқуқӣ барои машғул гардидан ба хизматрасониҳои сайёҳӣ аз талаботҳои асосии ин самти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Мавсуф илова намуд, ки яке аз усулҳои муосир ва мувофиқ, бахусус барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, чун Тоҷикистон, ташаккул ва рушди туризми дохилӣ маҳсуб меёбад, ки бо ин роҳ метавон дар муддати кӯтоҳ шароити хуби инфрасохторӣ ташкил намуд, маърифат ва маданияти сайёҳии шаҳрвандонро баланд бардошт, ҷойҳои нави корӣ фароҳам овард ва мамлакатро барои қабули сайёҳони хориҷӣ омода ва ба меъёрҳои туризми байналхалқӣ мутобиқ гардонид.
Ҳамзамон оид ба мавзеъҳои таърихӣ-сайёҳии кишвар, ба мисоли шаҳри бостонии Саразм маълумот пешниҳод гардид.