Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Касри буҷет ва роҳҳои пӯшонидани он

Касри буҷет ва роҳҳои пӯшонидани он

Санаи 17-уми апрели соли равон дар кафедраи менеҷменти молиявӣ маҳфили илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Касри буҷет ва роҳҳои пӯшонидани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Дар маҳфил донишҷӯён Мадина Ҳаитова дар мавзӯи «Мазмуни буҷети давлатӣ ва моҳияти он», Фарангиз Наимова дар мавзӯи «Касри буҷети давлатӣ ва моҳияти он», Шаҳодат Ишанова дар мавзӯи «Низоми даромадҳои буҷети давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Бунёд Қурбонов дар мавзӯи «Самаранокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, масъалаҳои асосиро дар самти буҷети давлатӣ баррасӣ карданд. 
Зимни маърӯзаҳо гуфта шуд, ки бори аввал буҷет, ҳамчун шакли ташкил ва сар намудани маблағҳои пулии давлат, дар Англия ва баъд дар Фаронса (охирҳои асри 18) пайдо шуд. Инҳо аввалин мамлакатҳое мебошанд, ки таҷрибаи таҳияи буҷетро ҷорӣ намуданд ва он дар асри 19 ба аксар мамлакатҳо паҳн гардид. Буҷети давлатӣ - захираи асосии маблағҳои пулӣ мебошад, ки дар шакли нақшаи молиявии давлат оид ба ҷамъоварӣ, аз нав тақсим кардан ва истифодаи маблағҳои пулӣ тартиб дода шуда, дар шакли қонун қабул ва амалӣ карда мешавад ва аз ин ҳисоб мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташударо иҷро менамоянд. 
Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими болобардории самаранокии истифодабарии маблағҳои буҷетӣ аз интихоби оқилонаи афзалиятҳои инкишоф ва ба маблағгузории буҷетӣ пешбинишуда ва бо маблағ таъмин кардани онҳо вобаста аст. 
Дар анҷом музокира ва суолу ҷавон сурат гирифт. 


Ҳ.Саъдиев, раиси МИД-и кафедраи менеҷменти молиявӣ