Хабарҳо
Пирӯзии навбатии варзишгарон
Донишҷӯёни мо дар баробари таҳсили фаъолона дар таълимгоҳ, инчунин дар мусобиқоти варзишӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок менамоянд ва пирӯз мегарданд.
Санаи 18-19-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат мусобиқаи кушод оид ба санъати муҳориба ва муҳориботи омехта – ММА миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Сорбон Ҳакимов, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси суғуртаи факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ иштирок намуда, дар вазни 70 кг соҳиби ҷойи якум гардид. Сорбон бо Диплом ва медал аз ҷониби Филиали ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи санъати муҳорибавӣ ва муҳориботи омехта дар ноҳияи Ваҳдат» сарфароз гардонида шуд.
Сорбон дар баробари ба варзиши муҳориботи омехта шуғл доштан, инчунин ба мусобиқоти дохилӣ ва хориҷӣ оид ба намуди чавгонбозӣ иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст.
Инчунин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии намуди каратэ – до (WKF) байни наврасону ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа Шарипов Бахтовар, донишҷӯи курси 3, факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар вазни 84 кг иштирок намуда, сазовари ҷойи 3-юм гардид. Бахтовар аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали биринҷӣ ва роҳхат ба чемпионати Осиё, ки дар кишвари Малайзия моҳи июни соли 2020 баргузор мегардад, сарфароз гардид.
Мо ин варзишгарони муваффақро бо ин комёбиҳо муборакбод намуда, пирузиҳои нав ба навро таманно дорем.