Хабарҳо
Татбиқи моделҳои физикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ
Бо ташаббуси кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ санаи 18 апрел бахшида ба «Ҳафтаи илм» ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Татбиқи моделҳои физикӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ» баргузор гардид. Дар семинар мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон н.и.т., дотсент Зубайдов Саидаҳмад ба ҳайси маърузачӣ даъват шуда буд.
Сухани ифтитоҳиро н.и.и. Тилабов Ё. оғоз намуда, таъкид дошт, ки татбиқи моделҳои математикӣ-физикӣ дар иқтисодиёт дар шароити муосир яке аз масъалаҳои асосӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Имрӯзҳо давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва тараққикарда бештар таваҷҷуҳи худро ба илмҳои таббиию риёзӣ оварда, тамоми доираи васеи рушди иқтисодиёти худро аз моделсозии математикӣ-физикӣ истифода менамоянд. Ҳамин аст, ки ин давлатҳо дар сатҳи баланди рушди иқтисодӣ қарор доранд.
Сипас Зубайдов Саидаҳмад дар мавзӯи “Татбиқи моделҳои физикӣ дар ҳалли баъзе масъалаҳои иқтисодӣ” баромад намуд. Моделсозии информатсионӣ, математикию физикӣ ва татбиқи он дар иқтисодиёт дар замони муосир яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Омӯзиши моделсозии компюторӣ имкониятҳои васеъро барои дарки алоқамандии технологияҳои иттилоотиро бо дигар фанҳои табиӣ ва иҷтимоӣ пешкаш менамояд. Моделсозӣ яке аз усулҳои асосии дарккунӣ мебошад, ки шакли ифодакунии ҳақиқатро ифода менамояд. Принсипи амалиёти камтарин, ки дар асоси назарияҳои пешниҳодшудаи Гаус амал менамояд, дар равандҳои иқтисодӣ васеъ истифодашаванда аст.
Мавсуф алоқамандии зичи қонуниятҳои физикӣ ва қонуниятҳои инкишофи иқтисодро муфассал шарҳ дод. С. Зубайдов ба иштирокчиён шабоҳати формулаҳои физикиро бо равандҳои иқтисодӣ шарҳ дода, ҳар яки онҳоро бо мисолҳои воқеӣ фаҳмонда дод.
Дар охир маърузачӣ моделҳои нави математикию физикиро барои дар амал татбиқ шуданашон бо нишондиҳандаҳои иқтисодӣ алоқаманд намуда, шарҳи пурраи онҳоро пешкаш намуд ва қайд кард, ки имрӯз яке аз давлатҳои ру ба тараққӣ Ҷумҳурии Ҳиндустон ин соҳаи илмро мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи пешгӯиҳо дар рейтинги давлатҳо то соли 2050-ум яке аз давлатҳои тараққикарда дар минтақа мегардад.
Умар Воҳидов, муовини декан оид ба илм ва инноватсия